Эъломияи Душанбе

Эъломияи Душанбе Рӯзҳои 3-4 майи соли 2018 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва бо мусоидати Давлати Қатар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”-ро баргузор намуд. Вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарони ҳайатҳо, инчунин намояндагони созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, …

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Ҳамоҳангсози доимии СММ ва роҳбарони зерсохторҳои СММ дар Тоҷикистон

  24 октябри соли 2017 бахшида ба Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва 25-умин солгарди ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва СММ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ҳамоҳангсози доимии СММ/Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ хонум Пратибха Меҳта ва роҳбарони зерсохторҳои СММ дар Тоҷикистон баргузор гардид. Вазири корҳои хориҷӣ С. Аслов иштирокчиёни вохӯриро бо …

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ оид ба Осиёи Марказӣ

20 октябри соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷидин Аслов Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ оид ба Осиёи Марказӣ, Роҳбари тозатаъйини Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ хонум Наталия Германро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла мубориза бо таҳдиду чолишҳои замони муосир, амнияти …

«ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР».

«ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР». АҲАМИЯТИ ТАШАББУСИ НАВИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НЮ-ЙОРК ВА ИСЛОМОБОД БАРРАСӢ ШУД Дар дафтари Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид бо иштироки аъзои Кумитаи ҳидояткунандаи Гурӯҳи «Дӯстони об» — намояндагони доимии Тоҷикистон, Маҷористон, Швейтсария, Финляндия, Таиланд мулоқоти судманд доир шуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ умдатарин масоили   вобаста ба рӯзномаи ҷаҳонии …

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 2 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Нахуст Сарони давлатҳо Изҳороти муштараки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия оид ба таҳкими ҳамкориҳоро қабул карданд. Сипас дар ҳузури сарони давлатҳо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид. Ҳамчунин дар доираи сафари …