Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Касри миллат музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон баргузор гашт. Дар ҷараёни музокироти хоссаи сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои муосири байнидавлатии ду кишвар хос аст, масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи …

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе

Муҳтарам Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид! Муҳтарам Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо! Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо! Хонумҳо ва ҷанобон! Дар оғоз ҳамаи шумо ва ҳайати ҳамроҳатонро ба диёри бостонии Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям. Чорабинии имрӯза ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз — муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ бахшида мешавад. Итминон дорам, ки ҳамоиши …

Иштироки Президент дар Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон

16 октябри соли 2017 дар “Кохи Сомон” таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид. Дар даромадгоҳи толори бошукуҳи Кохи Сомон нахуст маросими аксбардории хотиравии роҳбарони ҳайатҳо бо Президенти Ҷумҳурии …

Мулоқоти Президент бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф

16 октябри соли 2017 дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф мулоқот намуданд. Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои қитъаи Африка дар соҳаҳои гуногун дорои дурнамои нек арзёбӣ гардид ва дар ин росто ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ …

Мулоқоти Президент бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Судон Ҳомид Муҳаммад Аннур Мумтоз

16 октябри соли 2017 дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Судон Ҳомид Муҳаммад Аннур Мумтозро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои …

Мулоқоти Президент бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ибни Саъд ал-Мурайхӣ

Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ибни Саъд ал-Мурайхӣ, ки дар ҳошияи иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид, маҷмуъи васеи масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ карда шуд. Президенти мамлакат муҳтарам …