Душанбе мизбони Муколамаи «Осиёи Марказӣ+ Япония» гардид

Имрӯз  дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии  Тоҷикистон машварати 7-уми Муколамаи  Вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ+ Япония»  баргузор гардид. Тавре хабарнигои АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад,  дар  машварати мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Бейбут Атамқулов, Вазири  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон  Чингиз Айдарбеков, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Абдулазиз …

Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Уфа

Санаи 31 марти соли равон дар шаҳри Уфа дар майдони аграрии “ЕврАзия” Ҷашни Наврӯзи умумиҷумҳуриявии Бошқирдистон баргузор гардид, ки дар он Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа фаъолона иштирок намуд. Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон, намояндагони диаспораҳои миллатҳои гуногуни Ҷумҳурии Бошқирдистон, аз ҷумла тоҷикон, ӯзбекон, қирғизҳо, доғистониҳо, озариҳо, арманиҳо ва сокинону …

Марафони якуми варзишӣ миёни донишҷуёни тоҷик дар шаҳри Уфа бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз

Санаи  16 марти соли равон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз, марафони якуми варзишӣ  миёни донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои шаҳри Уфа таҳсил менамоянд баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур консули генералӣ Эмом С.Д., муовини ректор Гаитов А.Ф., сардори шуъбаи хамкории байналмилалӣ Донишгоҳи давлатии нафту техникии Уфа Чанишев Н.Т., иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар баромади худ консули …

Сафари гурӯҳи корӣ ба шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон

Рӯзҳои 27-28 феврали соли 2019 гурӯҳи корӣ дар ҳайати Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Сатторов И.М. (Роҳбари гурӯҳ), Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Эмом С.Д., роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Мирзозода З.Т.  ба шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон сафари корӣ анҷом доданд. …

Сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия С.В.Лавров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

5 феврали соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия С.Лавровро, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва раванди омодагӣ ба сафари расмии Сарвари давлат ба Федератсияи Россия мавриди муҳокима қарор гирифтанд. …

Мулоқоту вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ

Бар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №4756 аз 01.12.2018с. ва дар асоси нақшаи кории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нимаи аввали соли ҷорӣ ҳайати гурӯҳи кории кормандони сохторҳои ҳизб ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба шаҳру вилоятҳо ва ҷумҳуриҳои Федератсияи Россия барои мулоқоту вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ сафарбар гардиданд. Дар …

Ҷашни Ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи парчами давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии нафтӣ техникии ш.Уфа

Санаи 17-22 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии нафтӣ техникии ш.Уфа бо ташаббуси Консулгарии генералӣ Ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи парчами давлатӣ баргузор гардид. Дар маросими ҳафтаи фарҳангӣ ва ҷашни парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Уфа, роҳбарият ва устодони Донишгоҳи давлатии нафтии техникии Уфа, инчунин устодон ва …

Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун”

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмони Роғун Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода истиқбол гирифтанд. Ҳамчунин барои иштирок дар ин рӯйдоди …

Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

Имрӯз дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд. Дар кори ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, иҷрокунандаи вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус …

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии …