Сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия С.В.Лавров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

5 феврали соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия С.Лавровро, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва раванди омодагӣ ба сафари расмии Сарвари давлат ба Федератсияи Россия мавриди муҳокима қарор гирифтанд. …

Мулоқоту вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ

Бар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №4756 аз 01.12.2018с. ва дар асоси нақшаи кории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нимаи аввали соли ҷорӣ ҳайати гурӯҳи кории кормандони сохторҳои ҳизб ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба шаҳру вилоятҳо ва ҷумҳуриҳои Федератсияи Россия барои мулоқоту вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ сафарбар гардиданд. Дар …

Ҷашни Ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи парчами давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии нафтӣ техникии ш.Уфа

Санаи 17-22 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии нафтӣ техникии ш.Уфа бо ташаббуси Консулгарии генералӣ Ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи парчами давлатӣ баргузор гардид. Дар маросими ҳафтаи фарҳангӣ ва ҷашни парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Уфа, роҳбарият ва устодони Донишгоҳи давлатии нафтии техникии Уфа, инчунин устодон ва …

Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун”

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмони Роғун Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода истиқбол гирифтанд. Ҳамчунин барои иштирок дар ин рӯйдоди …

Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

Имрӯз дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд. Дар кори ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, иҷрокунандаи вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус …

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии …

Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд. Дар кори машварат вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, ҷамъбасти рушди бахшҳои вилоят дар нуҳ моҳи соли 2018, рафти иҷрои дастуру супоришҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи нақшаи ободониву бунёдкории шаҳру ноҳияҳои …

Мулоқоти Президент бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев

12 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведевро ба ҳузур пазируфтанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дмитрий Медведевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз имкони ин дидору мулоқот ва …

Таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа

Санаи 7-уми сентябри соли ҷорӣ бо ибтикори Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Бошқирдистон бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарабхонаи “Апшерон”-и шаҳри Уфа чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинии идона меҳмонон, аз ҷумла муовини сарвазири ҳукумати Ҷумҳурии Бошқирдистон Тажитдинов Илшат Азаматович, ёрдамчии роҳбари Ҷумҳурии Бошқирдистон Харасов Салават Фатахович, раиси кумита оид …

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

24 августи соли 2018 дар шаҳри Туркменбошии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот карданд. Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар доираи Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал, такмили кори сохтори ташкилӣ, асосҳои …