home Хабарҳо Ҷашни Ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи парчами давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии нафтӣ техникии ш.Уфа

Ҷашни Ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи парчами давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии нафтӣ техникии ш.Уфа

Санаи 17-22 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии нафтӣ техникии ш.Уфа бо ташаббуси Консулгарии генералӣ Ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи парчами давлатӣ баргузор гардид.

Дар маросими ҳафтаи фарҳангӣ ва ҷашни парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Уфа, роҳбарият ва устодони Донишгоҳи давлатии нафтии техникии Уфа, инчунин устодон ва донишҷуёни Донишгоҳи аграрии Бошқирдистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Уфа ва Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон иштирок намуданд.

Дар қисмати расмии баргузории ҳафтаи фарҳангӣ ва ҷашни рӯзи Парчамӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Баулин О.А.-муовини Ректор, Чанышев Н.Т.-сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, Гаитов А.Ф.- ёрдамчии Ректор ва Эмом С.Д.- Консули генералӣ суханронӣ намуданд.

Дар баромади худ, Консули генералӣ Эмом С.Д. дар бораи сиёсати берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э.Раҳмон бурда мешавад маълумот дода, инчунин дар идомаи баромадаш оиди дастовардҳои даврони Истиқлолият бахусус оид ба сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» ва кушодашудани чархаи аввалини ин иншооти бузурги аср суханронӣ намуд.

Баъдан аз руи барнома донишҷуёни Донишгоҳи давлатии нафтии техникии Уфа ба саҳми иштирокчиён дар бораи таърихи тоҷикон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар замони истиқлолият бахусус кушодашавии агрегати аввали Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун», Парчами Давлатӣ ва ёдгориҳои таърихии ҷумҳурӣ, ки ба рӯйхати ЮНЕСКО ворид гардидаанд бо филмҳои тасвирӣ маълумоти муфассал доданд. Дар идомаи баромадашон дар бораи Парчами давлатӣ маълумоти пурра дода, чунин баён намуданд, ки халқи тоҷик аз замони қадим то замони муосир ба суннати парчамдорӣ арҷи хосса мегузорад ва ба Парчами давлатӣ эҳтиром гузошта ин амалро беҳтарин нишонаи ҳуввияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад.

Дар маросими мазкур мероси бойи аҷдодонамон намунаи асарҳои косибӣ, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, китобҳо оиди таърих ва фарҳанги мардуми Тоҷикистон, маводҳои таблиғотӣ доир ба муарифии соҳаи сайёҳии кишварамон ба манзури иштирокчиён пешкаш гардид.

Ҳамчунин дар дар доираи ин чорабинӣ ба муносибати ҷашни Парчами давлатӣ ва кушодашавии агрегати аввали Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» байни донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои шаҳри Уфа таҳсил менамоянд мусобиқаи футбол баргузор гардида, ба ғолибони мусобиқа ҷоизаҳо ва он ба донишҷуёне, ки дар баргузории ҳафтаи фарҳанг ва ҷашни парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд аз ҷониби Донишгоҳи давлатии нафтии техникии Уфа грамотаҳои фахрӣ тақдим карда шуд.

Дар фарҷоми барномаи ҳафтаи фарҳангӣ ва ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ, ки дар шаҳри Уфа фаъолият доранд ба меҳмонон ва донишҷӯён зиёфати идона иборат аз таомҳои миллии тоҷикӣ пешкаш карда шуд.