home Хабарҳо Таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Саратови Федератсияи Россия

Таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Саратови Федератсияи Россия

Санаи 6-уми сентябри соли ҷорӣ дар тарабхонаи «Счастье»-и шаҳри Саратов дар якҷоягӣ бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи федералии Приволжия ва Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Саратов бо иштироки раисони ҷамъияти тоҷикону фаъолони  ҳавзаи консулӣ, шаҳрвандон ва донишҷӯёни тоҷики  шаҳри Саратов чорабинии идона бахшида ба Ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.

Дар чорабинии идона меҳмонон, аз ҷумла муовини Раиси думаи  вилояти Саратов Болякина О.В., вазири сиёсати дохилӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ Трошина Н.В., вазири рушди иқтисоди вилоят Швакова Ю. А.,  роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Саратов Пустовая Н.В., роҳбари маорифи шаҳри Саратов Исаев М.А., раиси шӯрои кории тоҷикистону-россия дар назди Палатаи савдову саноати Федератсия Россия директори генералии ҶСП «Трозла» Ключарев С.А., инчунин намояндагони ташкилоту идораҳо, устодони донишгоҳҳо ва ташкилотҳои ҷамъияти миллатҳои гуногуне, ки дар шаҳри Саратов фаъолият доранд, ширкат варзиданд.

Дар баромади худ, Консули генералӣ Эмом С. Д. ҳозиринро бо ин ҷашни пуршукӯҳ табрик ва муборакбод намуда, баъдан оид ба давраҳои асосии ташаккули давлатдории тоҷикон, дастовардҳои кишварамон дар 28 соли соҳибистиқлолӣ ва обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ суханронӣ намуд.

Муовини Раиси думаи  вилояти Саратов Болякина О.В., иштирокчиёни чорабиниро аз номи Ҳукумати вилояти Саратов табрик намуданд.

Баъдан аз ҷониби вилояти Саратов вазири сиёсати дохилӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ Трошина Н.В., вазири рушди иқтисоди вилоят Швакова Ю. А., роҳбари маорифи шаҳри Саратов Исаев М.А., ва раиси шӯрои кории тоҷикистону-россия дар назди Палатаи савдову саноати Федератсия Россия директори генералии ҶСП «Трозла» Ключарев С.А. баромад намуда, оид ба ҳамкориҳои вилояти Саратов бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, хоҳони он шуданд, ки дар оянда низ муносибатҳои минтақавиро дар самтҳои саноат, нақлиёт, хоҷагии зисти комуналӣ , маориф ва муҳоҷирати меҳнатӣ ривоҷу равнақ диҳем.

Дар идомаи барнома раисони чамъиятҳои тоҷиконӣ ҳавзаи консулӣ фаъолон ва донишҷӯёни шаҳри Саратов баромад намуда, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварамон ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дошта, аз ҷараёну равияҳои экстремистию ифротгароӣ худдорӣ намоянд.

Дар намоиши идона инчунин аз ҷониби донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои шаҳри Саратов барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид.

Инчунин, дар чорабинии мазкур дастархони идона ороста шуда, таҳти садои суруду мусиқиҳои миллӣ мероси бойи аҷдодонамон, намунаи асарҳои косибӣ, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, китобҳо оид ба таърих ва фарҳанги миллати тоҷик пешкаши ҳозирин гардид.