home Хабарҳо Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Уфа

Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Уфа

Санаи 31 марти соли равон дар шаҳри Уфа дар майдони аграрии “ЕврАзия” Ҷашни Наврӯзи умумиҷумҳуриявии Бошқирдистон баргузор гардид, ки дар он Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа фаъолона иштирок намуд.

Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон, намояндагони диаспораҳои миллатҳои гуногуни Ҷумҳурии Бошқирдистон, аз ҷумла тоҷикон, ӯзбекон, қирғизҳо, доғистониҳо, озариҳо, арманиҳо ва сокинону меҳмонони шаҳри Уфа иштирок доштанд.

Дар чорабинии мазкур Консули генералӣ Эмом С.Д. суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ, яъне бедоршавии табиат, ҷашни баҳор ва меҳнат табрику муборакбод намуда, таъкид карданд, ки ҷашни Наврӯз яке аз маросимҳои писандидаи оламиён буда, бо ҳама сифатҳои некбинонааш ба хонадони мардум ворид гардида, ба ҳар як фард паёми хуррамиву шодмонӣ ва хушбахтӣ меорад.

Дар гӯшаи Тоҷикистон, ки аз ҷониби Консулгарии генералӣ бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва ҷамъияти тоҷикони шаҳри Уфа ташкил шуда буд, мусаввараҳои гуногуни инъикосгари таъриху тамаддун, фарҳанги оламшумули тоҷикон, либос ва асбобҳои миллӣ, намунаҳои маҳсули эчодиёти санъати тасвирӣ ва кандакориҳо ба маърази тамошобинон гузошта шуда, бо таъомҳои миллии тоҷикӣ барои меҳмонон дастархони идона ороста гардид.