home Хабарҳо Таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа

Таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа

Санаи 7-уми сентябри соли ҷорӣ бо ибтикори Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Бошқирдистон бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарабхонаи “Апшерон”-и шаҳри Уфа чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинии идона меҳмонон, аз ҷумла муовини сарвазири ҳукумати Ҷумҳурии Бошқирдистон Тажитдинов Илшат Азаматович, ёрдамчии роҳбари Ҷумҳурии Бошқирдистон Харасов Салават Фатахович, раиси кумита оид ба корҳои хориҷии Ҷумҳурии Бошқирдистон Мирсаяпов Руслан Загитович, инчунин намояндагони ташкилоту идораҳо, хонаи дӯстии халқҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон, устодони донишгоҳҳои шаҳри Уфа, соҳибкорони ватании бурунмарзӣ, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон аз ҳавзаи консулӣ ва шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик ширкат варзиданд.

Чорабиниро Консули генералӣ Эмом Саид Давлат ҳусни оғоз бахшида, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, шаҳрвандони бурунмарзӣ ва донишҷӯёнро бо ин ҷашни пуршукӯҳ табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки онҳо файзу баракат ва дар кору пайкорашон баҳри ободии Ватани азизамон барору комёбиҳо орзу намуд. Дар идомаи суханронии худ Консули генералӣ иброз намуд, ки бо шарофати Истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон пайваста боло меравад ва ташаббусҳои кишвари мо ба хотири саодати тамоми сокинони сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуда истодаанд.

Сипас ёрдамчии роҳбари Ҷумҳурии Бошқирдистон Харасов С.Ф. номаи табрикотии Роҳбари Ҷумҳурии Бошқирдистон Хамитов Рустэм Закиевичро, бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат намуд.

Баъдан ҳозиринро муовини сарвазири ҳукумати Ҷумҳурии Бошқирдистон Тажитдинов И.А. табрику таҳният намуда, роҷеъ ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маориф ва муҳоҷирати меҳнатӣ ибрози назар намуд.

Дар рафти намоиши идона аз ҷониби донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои шаҳри Уфа таҳсил менамоянд, барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешкаш гардид.

Дар чорабинии мазкур бо ҷалби соҳибкорони ватании бурунмарзӣ дастархони идона ороста шуда, таҳти садои суруду мусиқиҳои миллӣ, мероси бойи аҷдодонамон намунаи асарҳои косибӣ, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, китобҳо оид ба таърих ва фарҳанги миллати тоҷик, инчунин наворҳои видеоӣ оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили рушди соҳаи саноат, манзараву табиат ва имкониятҳои сайёҳии кишвар ба манзури иштирокчиён пешкаш гардид.