home Хабарҳо Супоридани нусхаи экзекватура аз ҷониби Консули генералӣ

Супоридани нусхаи экзекватура аз ҷониби Консули генералӣ

8-уми июни соли 2018 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Эмом С.Д. нусхаи экзекватураи худро ба Роҳбари намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Уфа Галиакбаров Венер Мухамадфатихович супорид.

Баъд аз маросими супоридани нусхаи экзекватура, ҷонибҳо оид ба ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сайёҳӣ, сармоягузорӣ, илму маориф ва муҳоҷирати меҳнатӣ табодули назар намуданд.

Дар идомаи суҳбат, Консули генералӣ дар хусуси эълон гардидани соли 2018, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ибрози назар намуда, тавассути намояндагӣ ниҳодҳои сайёҳии Ҷумҳурии Бошқирдистон барои ҳамкорӣ даъват намуд.

Дар навбати худ Роҳбари намояндагӣ омодагии худро барои идома ва таҳкими бештари ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф изҳор намуд.