home Хабарҳо Сафари гурӯҳи корӣ ба шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон

Сафари гурӯҳи корӣ ба шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон

Рӯзҳои 27-28 феврали соли 2019 гурӯҳи корӣ дар ҳайати Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Сатторов И.М. (Роҳбари гурӯҳ), Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Эмом С.Д., роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Мирзозода З.Т.  ба шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон сафари корӣ анҷом доданд.

Рӯзи 28 феврали соли 2019 вохӯрии гурӯҳи корӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тотористон Минниханов Р.Н. баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои дустона баргузор гардид, ҷонибҳо оид ба ҳолатҳои муносибатҳои ҷории Тоҷикистон ва Тотористон, инчунин роҷеъ ба таҳким ва густариши самтҳои афзалятноки муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, маориф, муҳоҷират, сайёҳӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн изҳори назар намуданд.

Ҳарду ҷониб масъалаи васеъи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаи сайёҳӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳои фарҳангӣ, ташкили сафарҳои корӣ ва сармоягузориро муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар идомаи сӯҳбат инчунин иброз гардид, ки ин вохӯрӣ ва сафари Президенти Ҷумҳурии Тотористон Минниханов Р.Н дар рӯзҳои наздик ба шаҳри Душанбе дар рушди ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тотористон таҳкими нав мебахшад.

Дар рафти сафар гурӯҳи корӣ бо роҳбари Агентии рушди сармоягузории Ҷумҳурии Тотористон Минулина Т. вохӯрӣ гузаронид.

Тарафҳо нигоҳи худро оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, имконияти ташкил намудани корхонаҳои муштараки мошинсозӣ, металлургӣ ва саноати хурокворӣ иброз намуданд.

Гурӯҳи корӣ 28 феврали 2019 бо муовини Вазири саноат ва савдои Ҷумҳурии Тотористон Лернер Г.Я. вохӯрӣ гузаронид. Дар ин вохӯрӣ намояндагони ташкилотҳои саноатии Тотористон ҷамъитҳои саҳомии истеҳсолии “Татнефть”, “Камаз”, ҷамъиятҳои саҳомии “Казанский Гипронииавиапром”, “Рацин” ва ҶДММ “Иттиҳодияи истеҳсолии Зарница” иштирок доштанд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои савдову иқтисод, баланд бардоштани гардиши мол ва соҳаи хоҷагии қишлоқ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тотористон баррасӣ гардиданд.

Баъдан гурӯҳи корӣ бо Раиси Палатаи савдои Ҷумҳурии Тотористон Агеев Ш.Р. вохӯрӣ гузаронид. Зимни мулоқот дар робита ба масъалаҳои вобаста ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои савдову иқтисодӣ табодули назар сурат гирифт.

Ҳарду ҷониб раванди тавсеаи ҳамкориҳо, баргузории форумҳаои соҳибкорӣ ва намоишгоҳҳои тиҷоратиро бо мақсади дастрасӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол, ҷалби сармоя ҷиҳати татбиқи тарҳҳои муштараки саноатӣ, рушди ҳамкориҳо миёни минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва саноатӣ дар соҳаҳои афзалиятнок муҳим арзёбӣ намуданд.

Инчунин, дар доираи сафари корӣ, аз корхонаҳои Технополис “Химград” ва ҶДММ “Эйдос-Медицина” дидан ба амал оварда, бо роҳбарияти корхонаҳои мазкур мулоқотҳо анҷом дода шуд.

Дар фарҷоми сафар гурӯҳи корӣ бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, шаҳрвандонамон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тотористон таҳсил менамоянд, дар толори Донишгоҳи федералии Қазон оид ба масоили гуногун ва ҳалли мушкилотҳо вохӯрӣ гузаронид.