home Хабарҳо Мулоқоту вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ

Мулоқоту вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ

Бар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №4756 аз 01.12.2018с. ва дар асоси нақшаи кории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нимаи аввали соли ҷорӣ ҳайати гурӯҳи кории кормандони сохторҳои ҳизб ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба шаҳру вилоятҳо ва ҷумҳуриҳои Федератсияи Россия барои мулоқоту вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ сафарбар гардиданд.

Дар ин росто як гурӯҳ аз ин ҳайати корӣ бо роҳбарии Раҳмонзода А.-Раиси Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо кормандони консулгарӣ ва сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқӣ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 то 16 январи соли равон дар шаҳрҳои Қазон, Перм, Ижевск ва Уфа бо муҳоҷирони меҳнатии ҳавзаи консули мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуданд.

Дар ин мулоқотҳо ва баромадҳо оид ба дастовардҳои кишвар дар замони истиқлолият ва бо мақсади муттаҳидии тоҷикон, ҳифзи манофеи миллӣ, эҳёи фарҳанг, таърих ва урфу одатҳои миллати тоҷикон ва канораҷӯи намудани шаҳрвандонамон аз шомилшавии  ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ суханронӣ карда шуд. Дар идомаи ин вохӯриҳо оид ба омодагӣ ,ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардида, баромадкунандагон чунин баён намуданд, ки Ҷашни истиқлолияти миллӣ, ки бо талошу кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Э. Раҳмон ба даст омада, барои ҳаёти орому осоиштаи мардуми сарбаланди тоҷик ва рушду инкишофи иқтисодию иҷтимоии кишвар заминаи воқеъӣ гузошт, яке аз ҷашнҳои муқаддаси давлатӣ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз таъкид гардид, ки ҳар як фарди ватандӯсту миллатдӯст, сарфи назар аз он, ки дар куҷо иқомату фаъолият менамояд, бояд дар таҳкиму тавсеаи ғояву арзишҳои ин дастоварди беназир саҳмгузор бошад.