home Хабарҳо Марафони якуми варзишӣ миёни донишҷуёни тоҷик дар шаҳри Уфа бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз

Марафони якуми варзишӣ миёни донишҷуёни тоҷик дар шаҳри Уфа бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз

Санаи  16 марти соли равон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз, марафони якуми варзишӣ  миёни донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои шаҳри Уфа таҳсил менамоянд баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур консули генералӣ Эмом С.Д., муовини ректор Гаитов А.Ф., сардори шуъбаи хамкории байналмилалӣ Донишгоҳи давлатии нафту техникии Уфа Чанишев Н.Т., иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар баромади худ консули генералӣ Эмом С.Д.,  ҳозирин ва иштирокчиёни мусобикаро бо фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва марафони якуми варзиши миёнӣ донишҷуёни тоҷики донишгоҳҳои шаҳри Уфа табрик намуда, таъкид намуд, ки Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хеш бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфта ва ҳоло дар аксари кишварҳо таҷлил мегардад.

Дар идомаи суханронии худ таъкид намуданд, ки ҷавонони мо бояд хамеша фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон ширкат варзанд, амниятӣ давлатро ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, аз ҷараёну равияҳои экстремистию ифротгароӣ худдорӣ намоянд.

Муовини ректор Гаитов А.Ф., ва сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ Донишгоҳи давлатии нафту техникии Уфа Чанишев Н.Т., низ ҳозирин ва иштирокчиёни марафонро бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва баргузории марафони якуми варзиши донишҷуёни тоҷики шаҳри Уфа табрик намуданд.

Дар рафти чорабинӣ, суруд ва рақси миллӣ манзури тамошобинон гардида, донишҷуёни тоҷикӣ донишгоҳҳои шаҳри Уфа дар доираи марафони якуми варзишӣ аз рӯи якчанд намуди варзиш мусобиқа баргузор намуданд.