home Хабарҳо Иштироки донишҷӯёни тоҷик дар мусобиқаи футболи хурд миёни донишҷӯёни хориҷӣ дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия

Иштироки донишҷӯёни тоҷик дар мусобиқаи футболи хурд миёни донишҷӯёни хориҷӣ дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия

Рӯзҳои 30-31 майи соли ҷорӣ дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонон донишҷӯёни тоҷик дар мусобиқаи футболи хурд миёни донишҷӯёни хориҷӣ дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия иштирок намуданд.

          Мусобиқаи футбол дар майдонҳои варзишии Донишгоҳи давлатии нафтии техникии Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон баргузор гардид, ки дар он 14-даста аз кишварҳои гуногун, аз он ҷумла Ангола, Алжир, Нигерия, Африои Ҷанубӣ, Эквадор, Колумбия, Бразилия, Перу, Ветнам, Ироқ, Йемен, Қазоқистон ва Узбекистон иштирок намуданд.

          Дар мусобиқаи мазкур дастаи донишҷӯёни тоҷик дар бозиҳои гурӯҳи хеле ҳам хуб ҳунарнамоӣ намуда, ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат гирифтанд ва дар натиҷа дар байни 14 даста сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

          Баъди ба анҷом расидани мусобиқа аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии нафтии техникии Уфа профессор Бахтизин Рамил Назифович ба ғолибон ҷом ва медалҳои хотиравӣ ва аз ҷониби Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Эмом Саид Давлат ба футболбозон-донишҷӯёни тоҷик грамотаҳои фахрӣ туҳфа гардид.