home Хабарҳо Душанбе мизбони Муколамаи «Осиёи Марказӣ+ Япония» гардид

Душанбе мизбони Муколамаи «Осиёи Марказӣ+ Япония» гардид

Имрӯз  дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии  Тоҷикистон машварати 7-уми Муколамаи  Вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ+ Япония»  баргузор гардид.

Тавре хабарнигои АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад,  дар  машварати мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Бейбут Атамқулов, Вазири  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон  Чингиз Айдарбеков, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Абдулазиз Комилов, Вазири корҳои хориҷии Ҷопон  Таро Коно ва муовини Вазири  корҳои хориҷии Туркманистон Вепа Хаҷиев, инчунин ба ҳайси меҳмони фахрӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  Салоҳиддин Раббонӣ  иштирок доштанд.

Хотиррасон менамоем, ки иштирокдорони ин машварат-  Вазирони  корҳои хориҷии  «Осиёи Марказӣ+Япония»-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт.

Бояд тазаккур дод, ки  вохӯрии  вазирони корҳои хориҷии ба ҷашни 17-умин солгарди Муколамаи «Осиёи Марказӣ +Япония» рост омад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2004 Япония  иқдомеро  доир ба шакли  нави ҳамкорӣ  бо кишварҳои Осиёи Марказӣ – Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Ҷопон»-ро   ба роҳ монд. Ҳадаф аз он   густариш ва тақвияти робитаҳои қавии  кившарҳои минтақа  бо  Япония  ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ мебошад.

Дар зарфи ин солҳо Муколама дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Япония  нақши муассир гузошт.

Дар доираи машварати 7-уми  Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония»  се ҷаласа дар мавзӯъҳои  «Ҳамкории амалии   кишварҳои аъзои  Муколамаи «Осёи Марказӣ+ Япония» дар бахши сайёҳӣ», «Ҳамкории кишварҳои аъзои Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» дар соҳаҳои   савдо, сармоя  ва рушд», инчунин «Амнияти минтақавӣ ва ҳамкории минтақавӣ» доир гардид.

Дар фарҷоми машварати 7-уми Муколамаи  Вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ+Япония» роҳбарони ҳайатҳои Муколама санади ниҳоӣ – «Изҳороти муштараки машварати 7-уми  Вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Япония»-ро ба тасвиб расониданд.

Пас аз машварати ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи марказӣ + Япония” нишасти матбуотӣ баргузор гардид.