home Хабарҳо Вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикони ҳавзаи консулӣ

Вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикони ҳавзаи консулӣ

Санаи 14 июли соли равон Консулгарии генералӣ дар заминаи кор бо шаҳрвандони бурунмарзиамон, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсти хориҷии кишварамон мебошад бо раисон ва фаъолони ҷамъиятҳои ҳавзаи консулӣ вохӯрӣ гузаронид.

Консулгарӣ дар якҷоягӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон, ки дар ҳудуди ҳавзаи консулӣ фаъолият доранд бо мақсади муттаҳидии тоҷикон, ҳифзи манофеи миллӣ, эҳёи фарҳанг, таърих ва урфу одатҳои миллати тоҷикон ва канораҷӯи намудани шаҳрвандонамон аз шомилшавии ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ нақша гирифтанд, то ки дастгирии ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷуён, фароҳам овардани шароит барои фаъолияти зиндагӣ, донишомузӣ, касбомӯзӣ, таҳия ва татбиқи барномаҳои фарҳангӣ, нигоҳ доштани анъанаҳои миллӣ, одобу ахлоқ, сунатҳои тоҷикӣ, пешгирии тафриқаандозӣ, низоъҳои иҷтимоӣ, миллӣ, динӣ ва гузаронидани чорабиниҳо бо истифода аз воситаҳои техникии муосирро ба роҳ монанд.