home Хабарҳо Вохӯрӣ бо ректори Донишгоҳи давлатии нафтии техникии Уфа профессор Бахтизин Рамил Назифович

Вохӯрӣ бо ректори Донишгоҳи давлатии нафтии техникии Уфа профессор Бахтизин Рамил Назифович

Санаи 12 июли соли равон вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия Эмом С.Д. бо ректори Донишгоҳи давлатии нафтии техникии Уфа профессор Бахтизин Рамил Назифович баргузор гардид.

Баъди хайра мақдам Бахтизин Р.Н. оид ба дастовардҳои имрӯзаи Донишгоҳи давлатии нафтии техникии Уфа, ки охири моҳи октябри соли ҷорӣ 70 — солагиашро ҷашн мегиранд ва саҳми ин донишгоҳ дар тайёр намудани мутахассисони баландпоя маълумоти муфассал дода, ёдовар шуд, ки дар донишгоҳи мазкур 22000 донишҷӯ аз 67 кишвар, аз ҷумла 130 донишҷуёни тоҷик дар ихтисосҳои гуногун таҳсил менамоянд, ки ин шумора — 10 % донишҷуёни хориҷиро ташкил медиҳад. Боиси хушнудист, ки аз рӯи шумораи донишҷӯён Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни донишҷуёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди Ҷумҳурии Қазоқистон дуюм мебошанд.

Дар идомаи суҳбат Бахтизин Р.Н. аз баргузории саммити Созмони Ҳамкории Шанхай, ки соли 2015 дар шаҳри Уфа ва дар доираи он аз вохӯрии сарони Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Бошқирдистон, ки баргузор гардида буд, баромади Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э.Раҳмон дар назди ҳайати профессорону муаллимон ва донишҷуёни донишгоҳ ва дар ҷараёни ин вохӯрӣ ба сарвари кишварамон додани унвони проффесори фахрии донишгоҳро ёдовар шуд. Ҳамчунин, бори дигар минатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сарфароз гардиданаш бо ордени «Дӯсти» барои ҳамкориҳои судманд дар соҳаи маориф баён намуд.

Дар навбати худ Консули генералӣ ба роҳбарияти Донишгоҳи давлатии нафтии техникии Уфа, барои тайёр намудани мутахассисони баландпояи тоҷик минатдорӣ баён намуда, ҷиҳати иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ояндаи донишгоҳ ва консулгарӣ даъват ба амал овард.

Бо мақсади пешбурди ташаббуси кишвар дар соҳаи рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва бо дарназардоште, оне ки дар Донишгоҳи давлатии нафтии техникии Уфа донишҷӯёни 67 кишвари ҷаҳон таҳсил менамоянд аз роҳбарияти донишгоҳ хоҳиш гардид, ки ҷиҳати муарифии мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангӣ, шиносоӣ ба табиати зебои Тоҷикистон, инчунин тарғибу ташвиқи мавзеҳои таърихию, фарҳангӣ ва фароғатии кишварамон як синфхона (аудитория) ҷудо карда шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби Бахтизин Р.Н хуб пазируфта шуд ва аз масъулони донишгоҳ, ки дар вохӯрӣ иштирок доштан хоҳиш намуд, ки ин пешниҳодро дар рӯзҳои наздик омӯхта дар якҷоягӣ бо Консулгарии генералӣ баррасӣ намоянд.

Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо аз ҳамкориҳои феълӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф таъкид намуданд.