home Хабарҳо Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ оид ба Осиёи Марказӣ

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ оид ба Осиёи Марказӣ

20 октябри соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷидин Аслов Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ оид ба Осиёи Марказӣ, Роҳбари тозатаъйини Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ хонум Наталия Германро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла мубориза бо таҳдиду чолишҳои замони муосир, амнияти минтақа ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои обӣ, инчунин Ҳадафҳои Рушди Устувор мубодилаи афкор намуданд.